Ба муассисаҳои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ ба як зумра муассисаи соҳаи кишоварзӣ якчанд техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар», Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» ва Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» якчанд техникаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, 63 трактори гуногунтамға, 30 ядак ва 4 испор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» супорида шуд.
Тазаккур дода шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа рушди ҳамаҷониба ёфт. Ин аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ зина ба зина таъмин мегардад.
Техникаҳо ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва муассисаҳо кишоварзӣ супорида шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






