Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Санади дуҷонибаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.
Санад уҳдадории мутақобилаи тарафҳоро роҷеъ ба татбиқи Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои солҳои 2023-2026 тасдиқ намуда, ҳамкории ҷонибҳои дахлдори манфиатдорро дар татбиқи нақша танзим менамояд.
Зимни мулоқоте, ки дар доираи маросими баимзорасонӣ баргузор шуд, ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро арзёбӣ намуда, оид ба дурнамои он табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






