Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ созишномаҳои қарзӣ ба имзо расиданд

Декабрь 20, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои ҳаммаблағгузории марҳилаи якуми лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди  Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ» ва марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» созишномаҳои қарзӣ ба имзо расонида шуданд.

Созишномаҳои қарзӣ  имрӯз зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин  Қаҳҳорзода бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ»- ин баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати шабакаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтидори транзити байналмилалии ҷумҳурӣ мебошад.

Маблағи созишнома 10 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад.

Мақсади ҳаммаблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф»- ин мусоидат ба беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.

Маблағи созишномаи гуфташуда 8 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад.

Созишномаҳои қарзиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд