БОБОҶОН ҒАФУРОВ-БАЁНГАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ. Дар Бадахшон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуи «Бобоҷон Ғафуров-баёнгари таъриху фарҳанги миллат» бо иштироки омӯзгорону олимони донишкада, кормандони раёсати маорифи вилоят ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишкада хабар медиҳад.
Дар конференсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков дар мавзуи «Хизмати Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми тоҷик» сухан гуфта, саҳм ва хизматҳои арзандаи академикро дар рушду нумуи илми тоҷик бесобиқа унвон намуд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон дар мавзуъҳои «Вассофони олам андар дар васфи Бобоҷон Ғафуров», «Масъалаи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ дар китоби «Тоҷикон» ва аҳамияти он», «Бобоҷон Ғафуров- олими барҷастаи Шарқ», «Бобоҷон Ғафуров- муаррифи миллати тоҷик», «Бобоҷон Ғафуров- Қаҳрамони Тоҷикистон» ва «Бобоҷон Ғафуров-эҳёгари худшиносии миллии тоҷикон» маърузаҳои пурмазмун пешниҳоди ҳозирин гардиданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






