Дар Ҷамоати Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ беш аз 1000 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассиса ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳашари ниҳолнишонӣ баргузор гардид.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Восеъ Фирӯз Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани шаҳраку ҷамоат бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинон дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ беш аз 1000 бех ниҳоли сӯзанбарги ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.
Изҳор гардид, ки бо мақсади вусъати корҳои обоодонию созандагӣ, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия ҳашари экологӣ гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ«Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






