Дар Ҷамоати Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ беш аз 1000 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз шинонида шуданд

Декабрь 17, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассиса ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳашари ниҳолнишонӣ баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Восеъ Фирӯз Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани шаҳраку ҷамоат бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинон дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ беш аз 1000  бех  ниҳоли сӯзанбарги ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.

Изҳор гардид, ки бо мақсади вусъати корҳои обоодонию созандагӣ, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия ҳашари экологӣ гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ«Ховар»

Декабрь 17, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд