Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология (таълими меҳнат) дар саноатикунонии ҷумҳурӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои халқӣ, нақшакашӣ ва дизайн эътироф гардид.
Таъкид шуд, ки таваҷҷуҳ ба ҳунар ва ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва алоқамандӣ пайдо намудан ба технологияҳои навтарини касбу кори гуногун яке аз фазилатҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳояшон ба рушди бемайлони ин соҳаи бениҳоят арзишманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои боло бурдани завқу салиқаи ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Коркарди санг ва истифодаи он дар рушди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо ироа гардид.
Конференсия кори худро дар панҷ бахш вобаста ба масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология дар саноатикунонии мамлакат идома бахшида, зиёда аз 100 маърузаи илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуъ мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд






