Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳи «Конҳои канданиҳои фоиданок» таъсис ёфт

Декабрь 11, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои таълимии «Конҳои канданиҳои фоиданок» ва «Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология» ифтитоҳ КАРДА ШУД, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ин озмоишгоҳҳо дар доираи амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ибтикори ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода барои факултети геология таъсис ёфта, аз лиҳози сатҳи таъминот бо асбобу таҳҷизоти таълимию илмӣ дар байни мактабҳои олӣ ҷойгоҳи хосса доранд. Алҳол дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чор озмоишгоҳи таълимӣ ва таълимӣ-таҳқиқотӣ амал менамоянд, ки баҳри омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаҳои геология, кӯҳию кӯҳкорӣ ва истифодаю ҳифзи захираҳои обии мамлакат фаъолият доранд.

Таъкид шуд, ки озмоишгоҳи таълимии «Конҳои канданиҳои фоиданок» дар назди кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Озмоишгоҳ барои  омӯхтани сохти макроскопию микроскопии ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъдани аз конҳои мавҷудаи ҳудуди мамлакат ва берун аз он дарёфтшуда пешбинӣ гардидааст.


Устодон ва донишҷӯён дар раванди дарсҳои амалӣ аз он васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин ин озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқоти геофизикӣ, усулҳои гуногуни омӯзиш ва дастрас намудани конҳои нафту газ ва конденсатҳо нақши муҳим мебозад. Дар омӯзишгоҳ инчунин аспирантон, магистрантон ва докторони Ph.D низ метавонанд бо истифода аз асбоби таҷҳизоти муҷаҳҳаз дар ин ҷо корҳои илмии хешро ба сомон расонанд.

Озмоишгоҳи таълимии «Гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва глятсиология» дар назди кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ бо асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин озмоишгоҳ шогирдон аз нозукиҳои илми гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, яъне, таҳлили таркиби химиявӣ, микробиологӣ ва бактериологии об, омӯзиши таркибу хосиятҳои физикавию механикии грунтҳо, инчунин дигар корҳои кофтукови муҳандисии марбут ба сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқию обӣ ва нақбҳои нақлиётию обкаш бархурдор мешаванд.

Озмоишгоҳҳо метавонанд дар тарбияи мутахассисони ботаҷриба, иштироки онҳо баҳри иктишоф ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданоки мамлакат ва сохтмони иншооти гуногуни соҳаи геология саҳм гузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд