Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ баргузор шуд

Декабрь 26, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои комиссияҳои байниидоравии давлатӣ ва комиссияҳои марбутаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳифзи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси навбатӣ дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, инчунин дастгирии давлатӣ оид ба ҳамаи самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла рушди иқтисоди «сабз» ва тағйирёбии иқлимро махсус таъкид намуд.

Дар ҷаласа аз рӯи ин масъала муовини раиси комиссияи байнииидоравии давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода оид ба натиҷаи ҷараёни иҷрои барномаи мавриди назар дар фаъолияти комиссияҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки қаблан мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта буд, ба таври мушаххас маълумот дод.

Инчунин ҳар аъзои комиссия дар маҳал, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои масъул оид ба фаъолияти соли 2023 дар самти татбиқи  барнома гузориш доданд.

Дар анҷом бо назардошти иҷрои ҳисобот, дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори марбутаи ҷаласа қабул гардид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд