Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Латвия баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни машваратҳои сиёсӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, амнияти минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва рағбати хешро баҳри густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак иброз намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






