Дар Екатеринбург мағозаи интернетии молҳои миллии тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуд

Декабрь 6, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Екатеринбург ширкати маҳаллии «Тоҷ бозор» мағозаи интернетии молҳои миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Дар ин хусус Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ медиҳад.

Захираи интернетӣ бо мусоидати фаъолонаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Урал ва соҳибкори муваффақи шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар мағозаи интернетӣ шумо метавонед маҳсулоти миллии тоҷикӣ: навъҳои гуногуни чой, шириниҳо, меваҳои хушк, туҳфаю армуғонҳо, либосҳои шарқиёна ва ғайраро харидорӣ намоед.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург

Декабрь 6, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид