Дар Хоруғ ғолибони даври чоруми озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва волидону омӯзгорони онҳо қадрдонӣ гардиданд

Декабрь 16, 2023 10:53

 ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабри соли равон дар шаҳри Хоруғ маросими қадрдонии ғолибони даври чоруми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Раиси шаҳри Хоруғ ба иштирокдорони озмун, муаллимон ва волидони онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки озмунҳо таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида,  собит сохтанд, ки мардуми тоҷик таърихан фарҳангдӯсту бомаърифат ва тамаддунофар буда, пайравӣ аз гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир шарту зарур аст.

«Маҳз тавассути мутолиаи китоб ҷаҳонбинии инсон васеъ гашта, муҳити маънавиаш ғанӣ мегардад. Бинобар ин, моро лозим аст, то баҳри китобхонии наслҳои имрӯзу фардо шароити мусоидро фароҳам орем, то фарзандонамон дар оянда мавқеи устувори худро дар ҷомеа пайдо созанд», — таъкид намуд раиси шаҳр.

Дар охири маросим ғолибон, омӯзгорону волидони онҳо  бо «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва туҳфаҳои дигари арзишманд  қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Декабрь 16, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон