Дар Хуҷанд дар доираи барномаи ЮНЕСКО даври омӯзишӣ баргузор гардид

Декабрь 21, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Таҷдиди Феҳристи муқаддамотӣ ва арзёбии вазъи нигаҳдории ёдгориҳо бо истифода аз тарзу усулҳои пешрафтаи ҳуҷҷатикунонӣ» дар асоси лоиҳаи «Барномаи иштироки ЮНЕСКО» даври омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишӣ бознигарии ёдгориҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО қарор доранд ва арзёбии вазъи онҳо, инчунин таҳкими иқтидори дастурии давлат дар самти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи коршиносону мутахассиони маҳаллӣ нисбат ба абзорҳои дар конвенсияи дахлдори ЮНЕСКО пешбинишуда мебошад.

Дар даври омӯзишӣ 20 коршиноси маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи фарҳангу осорхонаҳо ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок доранд.

Бо мақсади дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабинӣ мутахассисони баландихтисос аз Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ш.Самарқанд) ва коршиносони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 21, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд