Дар Малайзия бар асари обхезӣ беш аз 6,5 ҳазор нафар бе сарпаноҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Обхезӣ бар асари бориши шадид дар чаҳор иёлати Малайзия рӯзи якшанбе беш аз 6500 нафарро маҷбур намуд, ки хонаҳои худро тарк созанд. Дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
Вазъияти бадтарин дар соҳили шарқии иёлоти Келантан ва Теренггану ба амал омадааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ, беш аз 6370 нафар дар 39 маркази расонидани кумак ба зарардидагони обхезӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Зимнан дар соҳили ғарбии иёлоти Перак ва Селангор 85 ва 50 нафар зарар дидаанд.
Идораи обуҳавошиносӣ аз бориши шадиди муссонӣ аз самти шимолу шарқӣ ҳушдор медиҳад, ки маъмулан аз моҳи октябр то моҳи март ҳамроҳ бо шамоли сахт ва мавҷҳои пуршӯри баҳрӣ дар шимол ва шарқи мамлакат идома меёбанд.
АКС аз бойгонӣ








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






