Дар Минск ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Декабрь 18, 2023 15:09

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск ҷаласаи 35-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ташхиси (инвентаризатсияи) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии санадҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҷрибаи давлатҳои Иттиҳод оид ба мониторинг ва гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба санадҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои муҳими маърузаи кори кумитаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2023 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд