Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муаррифӣ гардид

Декабрь 6, 2023 15:36

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имконияти вилояти Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар намоиши сатҳи баланд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду ҷониб, ташкилоту идораҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.

Сергей Катирин аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имконияти вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таҳкими муносибатҳои минтақавӣ байни вилоятҳои ду давлатро муҳим донист.

Таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин робита байни Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи баланд қарор дорад.

Раиси вилояти Суғд изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, рушди соҳаи саноат таъмин мегардад.  Дар Суғд беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол зиёд ва барои рушди соҳа зарфияти мавҷуда истифода мегардад.

Дар вилояти Суғд фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, якчанд  корхонаи саноатӣ бо сармоягузории шарикон аз Федератсияи Русия ташкил шудааст. Ҳоло барои ҷалби бештари сармоя ва амалисозии тарҳҳои муштарак имконияти истифоданашуда хеле зиёд аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 6, 2023 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад