Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88 ба истифода дода шуд

Декабрь 25, 2023 18:09

РӮДАКӢ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-и деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ  бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар доираи татбиқи лоиҳаи «CASA-1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» сохта шуд, ки аз 4 синфхона барои 120 ҷойи нишаст дар 1 баст иборат мебошад. Дар он як ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва дар қитъаи замини муассиса 3 бинои ёрирасон бунёд гардидааст.

Ҳамчунин барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ дар фасли зимистон дар ин муассисаи  навбунёд беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. Бино бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Корҳои сохтмонии бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ҶДММ «Нури Шамс» бо маблағи 1 миллиону 452 ҳазор сомонӣ анҷом дода  шудаанд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистонро таъмини зиндагии арзанда ва муҳайё намудани шароити созгори таҳсилу фаъолият барои аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи нек дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, соҳибкорон ва сокинони ҷумҳурӣ  пайваста талош намуда, аз тамоми имконияту захира ва зарфияти мавҷуда истифода мебарад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ  низ созандагию бунёдкорӣ дар соҳаи маориф идома дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯз  то рӯз  мушкилии норасоии ҷойи нишаст ва мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимӣ бартараф  мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Декабрь 25, 2023 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад