Дар ояндаи наздик роҳҳои мамлакат ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо истифода хоҳанд шуд

Декабрь 28, 2023 19:35

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани он Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар ин хусус имрўз зимни Паёми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гуфта шуд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.

«Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Тазаккур дода шуд, ки роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2023 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид