Дар шаҳри Бӯстон доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» ва ҷаласаи ҷамъбастии маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Дар конференсия иштирокчиён оид ба иқдому ташаббусҳои дурнигаронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошт ва рушди забони давлатӣ ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» сухан намуданд.
Дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ», «Забон рукни ҳастии миллат» маърузаҳо шунида шуд.
Дар конференсия аз натиҷаи фаъолияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» дар соли 2023, ки моҳи феврали соли равон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таъсис ёфтааст, гузориш пешниҳод гардид.
Муовини раиси шаҳри Бӯстон барои вусъати фаъолият ва амалӣ намудани ташаббусҳои наҷиб дар самти рушди забони давлатӣ дар заминаи муқаррароти санадҳои марбут ба забони давлатӣ ба аъзо ва ҳайати роҳбарияти маҳфил дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Дар фарҷом ғолибони озмунҳои «Посдорони забони давлатӣ», иншои беҳтарин дар мавзуи «Забони давлатӣ – сутуни асосии давлат», «Беҳтарин донандаи забони давлатӣ» ва мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» аз рӯи се категория бо диплом ва асарҳои Президенти мамлакат «Забони миллат- ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар асарҳо қадршиносӣ шуданд.
Ҳамчунин аъзои фаъоли маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ», ки дар рушди забони давлатӣ ва шинохти мақоми он дар шаҳр соли 2023 фаъолияти шоиста намуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






