Дар шаҳри Дубай павилиони «Об барои иқлим» ифтитоҳ гардид

Декабрь 1, 2023 19:40

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим маросими ифтитоҳи павилиони «Об барои иқлим» баргузор гардид.

Павилиони «Об барои иқлим» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти ҳамгироии масъалаҳои об ба рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ва таҳкими масъалаҳои об дар ҳуҷҷатҳои расмии натиҷаҳои COP28 ташкил гардидааст.

Павилион садои ҷомеаи байналмилалии обро барои пешбурди минбаъдаи амнияти об, идоракунии оқилонаи об ва коҳиш додани хатари об ҳамчун ҳалли мушкилоти иқлим муттаҳид менамояд. Павилион имкон медиҳад, ки муносибати байни иштирокчиёни  музокирот ва гурӯҳи тарафҳо дар гуфтушунидҳо расмӣ шавад, инчунин ба пешбурди минбаъдаи уҳдадориҳои иқлимӣ, ки дар Рӯзномаи амалиёти об пешбинӣ шудаанд, мусоидат намояд.

Дар маросими ифтитоҳи  павилиони «Об барои иқлим» аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маросими кушодашавии павилион инчунин Президенти Словения Наташа Пиртс-Мусар, аз номи Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рютте — Шоҳзода Хайме Бернардо Бурбон-Парма, Вазири хоҷагии об ва ирригатсияи Миср Хани Севилам ва дигар шахсони олимартаба иштирок доштанд.

 

Дар доираи COP28 дар Павилиони об бисёр чорабиниҳо, вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо доир  гардида, дар онҳо ба масъалаҳои об афзалият дода мешавад, то ки нақши он дар ноил шудан ба тобоварии иқлим бештар намоён гардад.

Ёдовар мешавем, ки 30 ноябр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (СОР28) оғоз гардида, то 12 декабр идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар якҷоягӣ бо Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавзуъҳои об чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарӣ, ҳамоишҳо, ҷаласаҳои сатҳи баланд, павилионҳо ва вохӯриҳо ташкил ва баргузор менамоянд.

Декабрь 1, 2023 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст