Дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гармхонаи типи нав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гармхонаи типи нав барои парвариши гулҳои ороишӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус 14 декабри соли равон зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Гармхона дар масоҳати 360 метри мураббаъ бунёд гардида, парвариш ва нигоҳубини гулҳо дар ин ҷо бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ гардида, дар дигар фаслҳои сол низ имконияти парвариш ва нигоҳубини хуби растанӣ мавҷуд аст.
Гулҳое, ки дар ин ҷо парвариш меёбад, барои зебо ва хуррамгардонии атрофи муассиса, таъмини эҳтиёҷоти дигар ниҳодҳои ҳудуди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои атроф истифода хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои анҷоми босифати корҳои бунёдкорӣ дар ин раванд дастурҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли равон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави таълимии филиали «Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Хатлонро ба истифода дода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат мебошад. Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди «сабз», Маркази ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






