ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе 400 бех ниҳол шинонида шуд

Декабрь 18, 2023 14:21

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе 400 бех ниҳоли дарахтони  ҳамешасабз ва сафедор  шинонида шуд. 

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар  партави дастуру супориш ва иқдоми бунёдкоронаю созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода,  роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.

Ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва сафедор бо истифода аз усулҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

    АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 18, 2023 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд