ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе 400 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе 400 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сафедор шинонида шуд.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар партави дастуру супориш ва иқдоми бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.
Ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва сафедор бо истифода аз усулҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд






