ДАРАХТ БИНШОН! Дар маркази ноҳияи Ховалинг беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар боғи Парчами ноҳияи Ховалинг беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва 2000 бех пиёзаки гули лола шинонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин тадбир дар доираи раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда, ба сабзу хуррам гардонидани маркази маъмурии ноҳия мусоидат менамояд.
Дар ноҳияи Ховалинг ҳамчунин бо иштироки 450 нафар кормандони гуногункасб ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия маъракаи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 10 метри мукааб партовҳо аз дохили ҷӯйҳои обгузар ва шафати роҳҳо ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи асосии ноҳия интиқол дода шуданд.
Чунин тадбирҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия гузаронида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






