ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2023-ро дар зинаи 106-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии охирини мунтахабҳои миллиро дар соли 2023 нашр намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо 1195,07 имтиёз дар ҷойи 106-ум қарор гирифтааст. Байни намояндагони КФО дастаи мунтахаби мо дар зинаи 19-ум ҷой дорад. Як сол пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 108-уми раддабандии ФИФА қарор дошт.
Дар маҷмуъ, дар як соли охир дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ анҷом дода, дар 3 бозӣ пирӯз шудааст (Сингапур – 2:0, Малайзия – 2:0, Покистон – 6:1), чор бозиро мусовӣ анҷом дода (АМА – 0:0, Туркманистон – 1:1, Уммон – 1:1 ва Урдун – 1:1), дар ду рақобат (Кувайт – 1:2, Узбекистон – 1:5) шикаст хӯрдааст.
Раддабандии навбатии ФИФА 15 феврали соли 2024 нашр мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






