Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар бузургтарин билборди Майдони Таймс сквери Амрико муаррифӣ гардид

Декабрь 13, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шабонарӯзи 12 декабр дар бузургтарин билборди Майдони Таймс сквери (Times Square) шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабти навори таблиғотӣ оид ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар дақиқаи 9-уми ҳар соат дар зарфи 24 соат намоиш дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ин сабти 15-сониягӣ аз навори касбии таблиғотии ширкати телевизионии БиБиСии (анг. «BBC») Шоҳигарии Британия мебошад, ки дар арафаи ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи яке аз лоиҳаҳои соҳавии Кумита омода ва пахш гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Таймс сквер яке аз ҷойҳои сайёҳии серодамтарин дар ҷаҳон аст, ки ҳамасола тақрибан 50 миллион меҳмонро ҷалб месозад. Майдонро «гузаргоҳи ҷаҳон» меноманд, аз он ҳар рӯз ҳудуди зиёда аз 300 ҳазор пиёдагард ва 115 ҳазор ронандаву мусофирон мегузаранд, дар он 170 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Таймс сквер рамзи Ню-Йорк ва тамоми Иёлоти Муттаҳида мебошад. Ҳатто дар се соли охир, вақте ки пандемия дар ҷаҳон авҷ гирифта буд, ҳамарӯза дар Таймс сквер аз 125 000 то 190 000 пиёдагард ба қайд гирифта мешуд.

Ин навор, бешак, ба таблиғу муаррифии васеътари имконияти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намуда, сабаби ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мегардад.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад