Интиқоли зиёда аз 71 кг маводи нашъаовари навъи героин пешгирӣ гардид

Декабрь 6, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми калон пешгирӣ шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21 ноябри соли равон, тахминан соати 09:30-и субҳ, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO  24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77, мутааллиқ ба Федератсияи Русия, таҳти идораи ронанда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Меҳровар Ҳокимович, соли таваллудаш 15 майи соли 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, бо гумони интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор боздошт гардид.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони ин воситаи нақлиёт 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводи хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсус ҷойгир буд, ёфта, гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи мутахассис-криминалисти шуъбаи ташхисӣ-криминалистикии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 21 ноябри соли 2023,  маводи мусодирашуда маводи нашъадори навъи героин буда,  вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳолат аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрванд Бӯриев Меҳровар Ҳокимович ва дигарон бо аломатҳои моддаҳои 200,  қисми 4, банди «д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишот ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.

Бояд гуфт, ки бо такя ба имконоти муосир ва истифодаи навтарин хизматрасонӣ назорати гумрукӣ дар ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ мебошад.

Ин имкон медиҳад, ки амалҳои номатлуб, аз ҷумла қонуншиканиҳо ва роҳҳои қоҷоқ ошкору пешгирӣ шаванд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд