ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОБИ ДАРЁҲО. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи об хусусияти дурбинона доранд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шиддат гирифтани муносибатҳои байналмилалӣ байни давлатҳо дар масъалаи истифодаи оби дарёҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи об хусусияти дурбинона доранд. Дар ин хусус корманди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Муҳайё Давлатбекова ба АМИТ «Ховар» ибрози андеша намуд.
Муҳайё Давлатбекова гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва иқлим ҳамчун консепсияи фаъолияти давлат дар самти сиёсати корҳои хориҷӣ аз тарафи давлатҳои ҷаҳон дастгирии васеъ пайдо намуд, зеро ин ташаббусҳо на танҳо масъалаи норасоии об, балки ҳифзи табиат, системаи экологӣ, пешгирии муноқишаҳои байнидавлатиро низ ҳал менамоянд.
21 декабри соли 2016 дар маҷлиси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 қабул шуд, ки онро 177 давлати аъзо дастгирӣ намуданд. Мувофиқи ин қарор, тамоми давлатҳо-аъзои Созмони Милали Муттаҳид бояд мушкилии норасоии обро зери назар гирифта, барномаҳои қаблии Даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт»-ро, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2005-2015 амалӣ гардидаанд, дар даҳсолаи нав идома диҳанд.
Қабул шудани ин ташаббусҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар саривақтӣ ва мубрамияти ин пешниҳодҳоро нишон медиҳад. Ин ташаббусҳо аз он ҷиҳат зарур ҳастанд, ки аввалан онҳо бо барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба самти Рушди устувор мувофиқ мебошанд. Дуввум, ин ташаббусҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба минтақаҳои дорои мушкилоти норасоии об ва низоъҳо дар самти об ҷалб месозанд. Сеюм, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҳалли проблемаҳои норасоии озуқаворӣ, истеҳсоли қувваи барқ, экология ва фарҳанги истифодаи об мусоидат менамоянд.
Илова бар ин, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардидани 21 март қабул гардид.
Вобаста ба ин, вазифаи мо аз он иборат аст, ки таълими донишҳоро дар самти амалисозии ин ташаббусҳо ҳарчи бештар ба насли нави ҷавон расонем, то ки онҳо дар сафи аввали татбиқи ин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор бигиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд






