КИТОБИ «ТОҶИКОН». Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон оид ба нақши ин асар дар таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд

Декабрь 24, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа  зери унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳувияти миллӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки омӯзиши асрҳои гузашта аз нуқтаи назари таърих, аз ҷумла шоҳасари  аллома  Бобоҷон Ғафуров — китоби  «Тоҷикон» ба мо имкон медиҳад, ки тамоми падида ва воқеияти гузаштаро баррасӣ ва таҳлил намоем, сабабҳои бурду бохти халқи тоҷикро муайян созем ва  аз он сабақ бардорем.

Дар  таҳкими  ҳувияти миллӣ  ва  худшиносии миллӣ китоби  «Тоҷикон» нақши  муҳим  дорад, чунки таърих яке  аз  унсурҳои  муҳими  худшиносии миллӣ мебошад.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ ниҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик шинос намуд.

АКС: Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа

Декабрь 24, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд