Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид

Декабрь 9, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид, ки аз муқаддима, 4 боб ва 20 модда иборат мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад.

Зимни баррасии масъалаи мазкур узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки «Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар иҷлосияи 77-уми СММ аз 14 — уми декабри соли 2022 қабул шудааст, таҳия гардидааст.

«Бо ин мақсад, лоиҳаи ин қонун дар шакли мукаммал таҳия гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро танзим менамояд»,- тазаккур дод номбурда.

Дар иҷлосия иттилоъ дода шуд, ки боби 1-уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 1 ва 5) муқаррароти умумӣ буда, мафҳумҳои асосӣ, заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо, ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар боби 2- юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 6 — 11) танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо — вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо, фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо, арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 8- уми лоиҳа мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳа ифода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими захираҳои об оид ба истифодаи захираҳои оби пиряхҳо муқаррар гардидаанд.

Дар боби 3-юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 12 ва 17) заминаи ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо, истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо, фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, ташкил ва мукаммалсозии махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар карда шудааст.

Боби 4- уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 18-20) муқаррароти хотимавӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро пешбинӣ менамояд.

Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зарафо Қиёмзода илова намуд, ки тибқи қатъномаи ёдрасшуда пас аз соли 2025 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, «Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис ёфт ва баргузории конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Тавре 2 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин» дар аснои Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР- 28) таъкид намуданд: «Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра об шудааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд».

Бояд хотиррасон шуд, ки наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва дар шароити тағйирёбии иқлим қабули ин қонун ба ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди ҳунармандӣ ба беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд
ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад
Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба зиёд гардидани соҳибкории хурд ва баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯ давои бемориҳои онкологӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб мебошад
Доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҷаласаи навбатии комиссияи муштарак баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист муҳокима шуд
Дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид
ИЛМ ВА ЗАМОН. Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад
1 МАРТ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон соли 2016 узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ гардид