МАКТАБ — БОРГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад

Декабрь 28, 2023 13:28

ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз натиҷаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, молия, иҷтимоиёт, маданияту фарҳанг, муносибатҳои ҷамъиятӣ, робитаҳои сатҳи олӣ бо давлатҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африко, ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сатҳ ва сифати зиндагии сокинони мамлакат иборат мебошанд.

Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба бахши маориф ба таври бесобиқа таваҷҷуҳ зоҳир  гардида,  чунин таъкид шудааст: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Дар ҳошияи ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ду нуктаи аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳимро бояд дарк намуд.

Аввал ин ки Сарвари давлат  ба муаллим ҳамчун шахси мафкурасоз баҳо додаанд. Ба ифодаи дигар, омўзгор  шахсе аст, ки афкори ҷомеаро месозад, насли наврасро тавассути таълим ва тарбия ба роҳи рост, бо дониши фароху фаҳмиши наҷиб омода сохта, пешкаши ҷомеа менамояд.

Мантиқан, агар мактабу омӯзгор набошад, миллат дар ҷаҳолат боқӣ мемонад, наврасону ҷавонон, ки бесавод монданд, натиҷа ба ин мерасонад, ки оромиву суботи ҷомеа аз байн меравад. Чунин ҳол, дар навбати худ, боиси халал ёфтани аркони давлату осеб дидани армони давлатсозиву давлатдорӣ мегардад. Барои дарки ин суханони Пешвои миллат далел ҷустан мушкилӣ надорад — мо давлатеро медонем, ки даҳсолаҳо боз бе мактабу маориф аст ва инак, ду садсола инҷониб суботу низому оромӣ дар он кишвар истиқрор нест. Чунин кишварҳо на танҳо дар ҳамсоягии Тоҷикистон, ҳамчунин дар дигар қитъаҳои олам низ ҳастанд.

Дуюмин  нуктаи муҳим, ки аз суханони Пешвои миллат бармеояд, мактабу маорифро ҳамчун сармоя қабул ва ҳамчун сармоя ба он муносибат намудан аст: «Ғамхорӣ намудан ба илму маориф -сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Зимнан, пешрафтатарин кишварҳои рӯи Замин, ки аз захираҳои нафту газ бенасиб ҳастанд, давлатҳое мебошанд, ки дар онҳо маорифу мактаб ва омӯзгор дар олитарин мақом қарор доранд. Барои намуна, фақат аз кишвари тулӯи офтоб Ҷопон ёдоварӣ намудан бас аст. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳукумати ин мамлакат тамоми сармояи худро ба рушди мактабу маориф равон намуд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки вақте барои бартараф сохтани садамаи неругоҳи атомии Фукусима кишварҳои олам ба Ҷопон ёрии худро пешниҳод намуданд, роҳбарияти Ҷопон аз истифодаи донишу технологияҳои дигарон худдорӣ намуд ва ба донишу малакаву технологияҳои худ такя сохта, оқибатҳои фоҷиабори садамаро сарбаландона бартараф намуд. Яъне, пурра  сармояи худро истифода бурд.

Дар идомаи Паёми Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бахши маориф Пешвои миллат  гуфтанд, ки «маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».

Дар баробари ин Сарвари давлат аз аҳли маорифи мамлакат тақозо намуданд, ки ҷавобан ба тадбирҳои амалии Ҳукумат дастовардҳои илмӣ, ихтироот ва кашфиёти илмиро беҳтар намоянд, ҳамкориро бо мактабҳои илмии давлатҳои пешрафта густариш диҳанд: «Бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам меоварад, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Дар ин самт вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути амалӣ намудани барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд».

Тавре аз иқтибосҳои овардашуда бармеояд, воқеан ҳам Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳое ҳастанд, ки на танҳо фаъолияти муассири ҳама бахшҳои хоҷагии мамлакатро натиҷагирӣ ва таҳлил месозанд, инчунин барои рушди минбаъдаи соҳа ҳамчун роҳнамо хизмат менамоянд. Иҷрои ҳар дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеояд, қадами навбатӣ дар роҳи давлатсозии навини тоҷикон дар садсолаи нав дониста мешавад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ навид аз рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Президенти Тоҷикистон: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар Агентии авиатсияи гражданӣ дастҷамъона тамошо намуданд
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия
Дар 5 соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зарур аст
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва
Иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Тоҷикистон барои ба давлати мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистон қадами ҷиддӣ хоҳад буд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — САНАДИ МУҲИМИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТДОРӢ. Он ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ руҳу илҳоми тоза бахшид
Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»