Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи муосири омӯзиши пиряхҳо барои таҳқиқоти саҳроӣ дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) «Ташаккули иқтидори миллӣ оид ба арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим» (TAD7004) аз ҷониби ҳамоҳангсози миллии АБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва ёвари ҳамоҳангсози миллӣ, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов ба Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ду маҷмуъ асбоби бисёрпараметрии «MultiLine Multi 3630»-ро супорида шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Қабл аз ин Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби рушди мактаби пиряхшиносӣ ва пешбурди илм аз АБНА барои гузаронидани таҳқиқот таҷҳизот дарёфт намуда буд. Ташхисгари лазерии PICARRO таркиби устувори изотопии пиряхҳо, қабати барф ва обҳои пиряхиро муайян менамояд. Марказ инчунин хроматографи муосири иониро барои таҳлили сифатии намунаҳо аз пиряхҳо, қабати барф ва обҳои обшуда дастрас намуд. Хроматографи ионӣ имкон медиҳад, ки пиряхҳо ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав омӯхта шаванд.
Бо дастгирии АБНА озмоишгоҳи «Сифати об, изотопҳо ва санитария» бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст. Ин имкон медиҳад, ки равандҳои гидрологии пиряхҳо ва қабати барф омӯхта шавад, инчунин механизмҳои таназзули пиряхҳо барои таҳияи минбаъдаи тадбирҳои мутобиқшавӣ барои нигоҳ доштани пиряхҳо муайян гарданд.
Омӯзиши пиряхҳо дар минтақаҳои дурдасти баландкӯҳ корҳои экспедитсионӣ талаб менамояд, ки барои он асбоби саҳроӣ зарур мебошад. Дар шароити саҳроӣ асбоби универсалии ченкунӣ барои дар як вақт чен намудани панҷ нишондиҳанда пешбинӣ шудааст. Кори ин озмоишгоҳро се гурӯҳи коргарон, ки ҳар яке ҳадафҳо ва вазифаҳои мушаххаси худро доранд, ба ҷо меоваранд.
Бо шарофати ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 рушди ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам бештар гардид. Ин раванд имкон медиҳад, ки доираи корҳои илмию таҳқиқотии омӯзиши пиряхҳо васеъ шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намояд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






