МУСОИДАТ БА БОЛОРАВИИ САТҲИ МАЪНАВИЁТ. Дар ноҳияи Варзоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд

Декабрь 18, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба болоравии сатҳи маърифату маънавиёти мардум мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат арзёбӣ намуда, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат муайян намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор мегузоранд. Зеро дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, умуман дар раванди пешрафту ободонии давлат нақш ва саҳми ҷавонон басе арзишманд мебошад.

Дар маросим ғолибону устодони онҳо, ки дар озмунҳо ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қадршиносӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Декабрь 18, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад