Мутахассисони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ дар Ҳисор мониторинги сифати алоқа гузарониданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ширкатҳои мобилии «МегаФон», «Тселл», «Вавилон» ва «ZET Mobile» бо мақсади шиносоӣ бо вазъи дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет ба Ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
Ин шиносоӣ дар асоси шикояти сокинон амалӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ мониторинги сифати алоқа гузаронида шуд.
Аз натиҷаи мониторинг сифати алоқа дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шарора ғайриқаноатбахш ва нокифоя шуморида шуда, аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ шуд.
Зимни баррасии шикояти сокинон нисбат ба сатҳу сифати мавҷи алоқаи мобилӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ истгоҳҳои базавии иловагӣ насб намоянд.
Дар идома Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор мулоқот намуд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






