Намояндаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд

Декабрь 17, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Сахаи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии дуюми мамлакатҳои Осиё таҳти унвони «Уфуқи нав дар омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» баргузор гардид, ки дар он аз мамлакатҳои Осиё олимону муҳаққиқон ва мутахассисони забони русӣ иштирок варзиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар медиҳад. 

Дар форуми байналмилалӣ декани факултети забонҳои Осиёи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанова иштирок намуда, дар бораи раванди таълим ва омӯзиши забони русӣ дар донишгоҳ маълумот дод.

Бояд гуфт,  ки ба маърузаи Шаҳло Ҳасанова аз ҷониби иштирокчиёни Форуми байналмилалии дуюми мамлакатҳои Осиё баҳои баланд дода шуд.

Забони русӣ яке аз 8 забони байналмилалӣ аст, ки сол аз сол нуфуз ва мақомаш дар ҷаҳон бештар гардида, ҳоло бо ин забон 260 миллион муошират менамоянд. Илова бар ин Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, солҳои охир робитаҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Ҳамасола садҳо хатмкунандагони муасисаҳои таълимии Тоҷикистон таҳсилашонро дар муассисаҳои олии Русия  идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  аз 18 декабри соли 2020 соли 2023 дар давлатҳои Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Декабрь 17, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд