Ғолибони Озмуни «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалигардонӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қатъномаи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Пешвои миллат таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин гузаронида шуд. Дар озмун 38 довталаб аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хабар доданд.
Бо мақсади баҳодиҳӣ ба мақолаҳои довталабон аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо нашрияи «Омӯзгор» ҳайати ҳакамон ташкил шуд.
Натиҷаҳои озмун дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маркази омӯзиши пиряхҳо баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Ба се нафар ғолиб ҷоизаҳо супорида шуданд.
Довталаби ҷойи якум аз ноҳияи Шаҳринав бо 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм аз ноҳияи Мастчоҳ бо 2000 сомонӣ ва довталаби ҷойи сеюм аз шаҳри Душанбе бо 1000 сомонӣ аз ҷониби Маркази омӯзиши мукофотонида шуданд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






