Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозингарони мусобиқаи варзишии футболи деҳа ба деҳа муайян шуданд

Декабрь 22, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 22.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозингарони мусобиқаи варзишии футболи деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла муайян ва қадршиносӣ шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар он ҷойи якумро футболбозони ноҳияи Ёвон бо намояндагӣ аз дастаи Хатлон — 1 соҳиб гардида, мақоми дуюм насиби дастаи вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби дастаи Хатлон-2 гардид. Ба ғолибони  зинаҳои сеюму дуюм 10000 сомонӣ ва 15000 сомонӣ, ба мақоми ифтихорӣ, яъне ҷойи якум 20000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Инчунин дар ҷараёни бозиҳо аз ҷониби ҳайати доварон бозигарони беҳтарин аз рӯи номинатсияҳо муайян шуда, бо туҳфа ва ҷомҳои ифтихорӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дарвозабони беҳтарин — Фирӯз Олимзода аз дастаи шаҳри Кӯлоб, ҳимоятгари беҳтарин — Фирӯз Азизов аз дастаи шаҳри Истаравшан, нимҳимоятгари беҳтарин — Ромиш Наимов аз дастаи ноҳияи Нуробод, ҳуҷумкунандаи беҳтарин – Ҳасан Расулов аз дастаи шаҳри Истаравшан, нишонзани беҳтарин– Ҷонибек Хушбахтов аз дастаи ноҳияи Ёвон, бозингари беҳтарин – Наврӯз Тағойназаров аз дастаи ноҳияи Ёвон, мураббии беҳтарин – Шавкат Хушбаков аз дастаи ноҳияи Ёвон дониста шуданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир шуд.

Марҳилаи якум, дуюм ва сеюми мусобиқа дар сатҳи деҳаю маҳаллаҳо, ҷамоату шаҳрак, шаҳру ноҳияҳо, вилояту минтақаҳо ва шаҳри Душанбе аз 1 июл то 15 декабр доир гардида, марҳилаи ниҳоии он бо иштироки ғолибони даврҳои поёнии мусобиқа аз 17 то 21 декабр дар майдони варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб ҷавонони деҳот ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо, дарёфти чеҳраҳои нави варзишии  футболбоз мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд