Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.
Шодравон ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон буданд.
Марҳум ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст, ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.
Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям.
Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд






