Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Созмони Милали Муттаҳид нақши муттаҳидкунанда ва ҳамоҳангсоз дорад

Декабрь 31, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар ояндаи наздик муносибатҳои хориҷии мамлакат  бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, инчунин  кишварҳои ҷаҳони ислом идома дода мешавад.

28 декабри соли 2023 дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат гуфтанд, ки «давлати мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронида асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем».

Дар баробари ҳамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи мураккаби кишварҳои алоҳида изҳори назар намуда, гуфтанд: «Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем».

Зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои муътабари минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид гардид, ки «ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст».

Дар идома Пешвои миллат нақши ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунанда доштани  Созмони Милали Муттаҳидро таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад