Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Тсинвэй мулоқот намуданд

Декабрь 14, 2023 17:16

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи баланди миёни давлатҳои мо маҳсуб меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли равон сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бобарору судманд анҷом ёфт.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои судманди байни Тоҷикистону Чин робитаҳои доимии сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва боэътимоди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин заминаи воқеӣ гузоштаанд.

Иброз гардид, ки дар маҷмӯи робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми афзалиятноку хосса дошта, мо ба рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳоямон бо кишвари дӯсти Чин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Тоҷикистон ва Чин натанҳо ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, инчунин тамаддунофару соҳибфарҳанг ва шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд.

Имрӯз парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни давлатҳо нақши муҳим доранд ва равобити байни ҷумҳуриҳоро мукаммал мегардонанд. Дар ин замина, ҷонибдорӣ аз тақвияти робитаҳо бо Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз гардид.


Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду давлат мубодилаи афкор анҷом доданд.

Гуфта шуд, ки байни давлатҳои мо раванди шарикии стратегии ҳамаҷониба дар заминаи меъёрию ҳуқуқии муносиби муносибатҳои ду давлат, ки зиёда аз 200 санади дуҷонибаро ташкил медиҳад, босуръат тавсеа меёбад.

Имрӯз Чин шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол менамояд.

Дар даҳ соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар сармоягузорӣ намудааст, ки бештар ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ равона шудаанд.

Бо назардошти мавҷудияти имкониятҳои зиёд барои рушди минбаъдаи тиҷорати дуҷониба иштироки ширкатҳои чинӣ, ки бо имконоту зарфиятҳои бузурги молиявӣ, фановарӣ ва технологӣ дар миқёси ҷаҳон соҳибном гаштаанд, дар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Инчунин, имконияти ҳамкории дуҷониба бо ширкатҳои Чин дар бахшҳои саноатҳои кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, гидроэнергетика, нассоҷӣ, электронӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, инчунин, металлургияи ранга, технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки аз самтҳои ояндадор ба ҳисоб мераванд, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои муҳими рушди муносибатҳои гуманитарӣ шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ин робитаҳо таъкид намуданд.

Дар қатори масъалаҳои дигар оид ба ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Чин дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози назар шуд.

Ҳамчунин, тавсеаи ҳамкории боэътимоди давлатҳо дар соҳаи амният ва бахши ҳарбию техникӣ, дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ муҳим дониста шуд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт