«РОҒУН» — ТАРҲИ НОДИРИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст

Декабрь 21, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки бо пурра ба истифода додани тамоми агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад, таъмин карда мешавад. Ин бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми ягона ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардид. Идома доштани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» дар шарқи Тоҷикистон шаҳодати ин гуфтаҳо аст.

Истеҳсоли 17 млрд кВт-соат неруи барқ дар як сол

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба силсилаи иншооти энергетикии Вахш дохил гардида, дар километри 110-уми самти шарқи шарҳи Душанбе воқеъ аст. Неругоҳ аз 6 агрегат, ҳар як агрегат бо иқтидори 600 МВт иборат мебошад. Сарбанди он бо 335 метр баландтарин садди заминӣ -гиливу сангӣ дар ҷаҳон маҳсуб шуда, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо барқ пурра қонеъ шуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такон бахшида шавад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.

Бо бунёди «Роғун» Тоҷикистон ба давлати содиркунандаи барқ табдил мегардад

«Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун давлати содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад давлатҳои минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об истифода мешавад.

Бунёди «Роғун» барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар аст

Бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохтмони НБО-и «Роғун» ва обанбори он аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар арзёбӣ гардид. Тоҷикистон бо бунёди ин неругоҳ на танҳо манфиати дохилии худ, балки давлатҳои минтақаро низ ба инобат гирифтааст. Ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамҷавор дар самти татбиқи тарҳҳои судманди марбут ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат мебошад.

Фаъолият дар сохтмони «Роғун» далели шуҷоат ва мардонагӣ аст

Алҳол дар неругоҳи «Роғун» корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 60 ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 14,5 ҳазор коргарону муҳандисон ва техникҳо босуръат идома, мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд.

Бо бунёди «Роғун» норасоии неруи барқ пурра пӯшонида мешавад

Дар сурати бо иқтидори пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» якчанд масъалаҳо ҳалли худро меёбанд, аз ҷумла, норасоии неруи барқ ​​дар мавсими тирамоҳу зимистон пурра пӯшонида шуда, имконияти содиротии низоми энергетикии Тоҷикистон низ меафзояд. Муҳлати истифодаи тамоми маҷмааҳои гидроэнергетикии силсилакӯҳи Вахш низ дароз гардида, барои танзими силсиланеругоҳҳои обӣ имконияти техникӣ пайдо мешавад, ки ин кори низоми энергетикиро ҷоннок намуда, тавлиди неруи барқро дар истгоҳҳои поёноб зиёд менамояд. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ, хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст. Барқи аз лиҳози экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва рушди соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, сайёҳӣ мусоидат намуда, ҳазорҳо ҷойи кор фароҳам меояд.

Сохтмони «Роғун» таҳти назорати Пешвои миллат қарор дорад

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори сохтмони неругоҳи «Роғун» буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ саъю талош менамоянд. Ин аст, ки сохтмони «Роғун» таҳти назорати Пешвои миллат қарор дошта, борҳо зимни сафарашон ба неругоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим шинос гардидаанд. Моҳи сентябри соли 2005 Пешвои миллат дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ иштирок намуда, гуфта буданд, ки «сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

29 октябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди сарбанди НБО –и «Роғун» иштирок намуда, ба бунёди сарбанди он оғоз бахшиданд. 16 ноябри соли 2018 дар маросими тантанавӣ чархаи якум ва моҳи сентябри соли 2019 чархаи дуюми «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузург оғоз бахшиданд. Имрӯзҳо бо саъю талоши Пешвои миллат сохтмони «Роғун» босуръат идома дорад, ки бозгӯи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари давлат мебошад.

«Роғун»- тарҳи нодири гидроэнергетикӣ

«Роғун» яке аз тарҳҳои нодири гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид пайдо шуда, ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи «CASA–1000» ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.

Имрӯз «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус, арсаи фидокории мардуми тоҷик ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон табдил гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид