Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои ИДМ дар Москва иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз баргузор мегардад, дар шаҳри Москва қарор дорад.
Дар ҷаласа, аз ҷумла натиҷаҳои кори Шуро дар соли 2023 ва масъалаи нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ карда мешавад.
Ҳамчунин дар ҷаласа муқаррароти асосии Консепсияи раёсати Федератсияи Русия дар ИДМ дар соли 2024 пешниҳод мегардад.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзои изҳороти муштарак пешбинӣ шудааст.
Дар доираи сафар ба Федератсияи Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон бо фаъолияти корхонаи қаннодӣ дар шаҳри Москва шинос шуд.
АКС аз манбаъҳои боз










Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






