Шабакаи радиои «Сафина» ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳадаф доранд, ки дар оянда шабакаи радиои «Сафина»-ро ифтитоҳ намоянд. Чунин мақсадро роҳбарияти муассиса имрӯз зимни ифтитоҳи бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир шуд, баён намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Роҳбарияти муассиса иброз доштанд, ки бо таъсиси радиои нав барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтиро ба шунавандагон пешниҳод менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ бунёд ва рангу оро ёфта, бинои асосӣ аз 5 ошёна бо таҳхона, инчунин 2 бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст дар масоҳати беш аз 8 ҳазору 600 метри мураббаъ иборат аст. Бинои дуюм аз се ошёна бо таҳхона ва бинои сеюм аз ду ошёна бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ иборат мебошад.
Дар бинои нави муассиса 6 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, оростани мусоҳибаву доир намудани пахшҳои мустақим бунёд ёфтааст. Аз ҷумла, студияҳои алоҳида барои барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ ва барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» ташкил гардида, ороиши саҳна бо диду нигоҳи тоза ва мутобиқ ба барномаҳо анҷом дода шудааст. Алалхусус барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Навид», ки ҳамарӯза 6 нашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба эфир мебарояд, имконоти зарурӣ фароҳам гардидаанд.
Ҳамзамон дар ин студияҳо таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз харидорӣ ва васл шудаанд. Дар ин баробар дигар барномаҳои телевизион низ минбаъд дар студияҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз сабту пешниҳоди тамошобинон мешаванд. Ҳамчунин дар саҳни бинои муассиса барои сабти мавсимии барномаҳо майдони махсус бунёд шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






