ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, чоршанбе, 340-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 6, 2023 08:00

6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат аз нав ба истифода дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар  беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.

***

6 декабри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебуниссо»- ро ифтитоҳ намуданд.

***

6 декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима шуд.

***

6 декабри соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, иштирок намуданд.

***

6 декабри соли 2019 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 5500-солагии Саразми бостонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

***

6 декабри соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

6 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Финландия- Рӯзи истиқлол.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.

Декабрь 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш