ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Баргузории чунин ҳамоиш, ки ба таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шуд, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шаванд.
Тазаккур дода шуд, ки ин қонун яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатокии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии мардум нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи шаҳрвандони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.
Инчунин масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.
Дар ҳамоиш ба як зумра кормандони ҷавон ва фаъоли донишгоҳ барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон супорида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






