Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд

Декабрь 13, 2023 14:38

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ ва муҳим мебошанд, зеро ба коҳишдиҳии пайомадҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода  дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба мушкилот ва уҳдадориҳои кишварҳои ҷаҳон, ки  дар мавзуи «Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза» дар Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим» доир гардид, иброз намуд.

Баҳодур Шерализода  аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал овард, ки  дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки мушкилоти оби тоза, ки дар Конфронси Оби СММ моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гашт, ташаббуси наҷибтарин ба ҳисоб рафта, давлатҳои аъзоро ҷиҳати нигоҳ доштан ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза роҳнамоӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки мушкилоти оби тоза роҳи мусоидат ба ворид намудани ҳадафҳои марбут ба об ба созишномаҳои бисёрҷонибаи экологӣ ва чаҳорчӯбаи рушд, аз қабили Рӯзномаи 2030 ва Чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.

Ҳамоиш бо мусоидати давлати мизбони COP-28 – Аморати Муттаҳидаи Араб, Хазинаи ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF), Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ва Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) гузаронида шуд.

  АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд