Тавсеаи равобити бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Теҳрони Эрон Алиризо Зоконӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи равобити бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳронро дар партави густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 1995 Протокол оид ба бародаршаҳрии Душанбе ва Теҳрон ба имзо расида, 12 марти соли 2001 дар шаҳри Теҳрон Созишномаи нав дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе ва Теҳрон имзо гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






