Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноату энергетика баррасӣ намуданд

Декабрь 9, 2023 09:23

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахши  иқтисодиву тиҷоратӣ, саноату нақлиёт, интиқоли борҳои транзитӣ, сармоягузорӣ ва саноату энергетика дар вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Ҷаббаров баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни вохӯрӣ байни ҷонибҳо дар мавриди рушди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин коркарди абзорҳои нави рушди равобити дуҷониба бо истифода аз фазои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда табодули афкор шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд