Тоҷикистон ва Туркманистон дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Декабрь 25, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма хонум Меҳриҷамал Мамедова дар Ашқобод мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти густариши муколамаи фарҳангӣ ва башардӯстона байни ду давлатро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ба нафъи дӯстӣ ва ғановати муштараки фарҳангҳои ду мамлакат изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд