Вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро дар Дубай баррасӣ намуданд

Декабрь 6, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб вазирони энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа, Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев ва Ҷумҳурии Исломии Покистон  Муҳаммад Алӣ зимни мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқол ва савдои неруи барқ — CASA-1000-ро, ки арзиши умумии он 1,2 миллиард доллари америкоиро дар бар мегирад, баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки мулоқоти  вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон дар Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Мутттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) баргузор гардид.

Зимни мулоқот вазирон иброз доштанд, ки сохтмони иншооти ин лоиҳаи бузург дар қаламрави Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо дастгирии дастҷамъонаи худро барои оғози ҳарчи зудтари марҳилаи истифодаи тиҷоратии лоиҳа иброз медоранд. Дар ин самт вазирон Изҳороти дахлдорро ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба вусъат бахшидани корҳо дар татбиқи ин лоиҳа омода намуданд.

Дар мулоқот вазирон аҳамияти Лоиҳаи CASA-1000, тарҳи беназири интиқоли байниминтақавии неруи тозаи барқ ва ташаббусро дар самти энергияи «сабз», ки ду минтақа – Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, тасдиқ намуданд.

Изҳор гардид, ки ин лоиҳа на танҳо сатҳи некуаҳволии сокинони маҳаллиро, ки аллакай аз ин лоиҳа манфиат мегиранд, боз ҳам беҳбуд мебахшад, балки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим низ саҳми назаррас мегузорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд